Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Марги 22 нафар дар Чин
Душанбе, 5.06.2014.(АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои ИТАР ТАСС дирӯз дар кони ангишти «Яншитай»-и қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асари таркиши газ 22 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафар захми гуногун бардошта, ба беморхонаи кишвар интиқол дода шуд. Мувофиқи иттилои мутахассисон соҳаи саноати кўҳкании Чин хатарноктарин дар олам шумурда мешавад.
Фалокати ҳавопаймо дар Амрико
Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар шаҳри Монрои штати Луизианаи ИМА ҳавопаймои якмуҳаррикаи тамғаи «Бичхрафт Бонанза», ки дар дохилаш танҳо сарнишин қарор дошт, ба фалокат дучор омад. Бар асари ҳодиса сарнишини ҳавопаймо шадидан осеб дида, оҷилан ба беморхона мараказӣ интиқол дода шуд. Бояд гуфт, ки чархбол аз шаҳраки Кармии штати Иллинойс парвоз намуда, дар фурудгоҳи шаҳри Монро бояд ба замин менишаст. Аммо ҳангоми фуруд омадан ба дарахтон бархурда, ба садама дучор омад.
82 млн. доллар кумакпулӣ ба мардуми Чин
Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон бар асари боридани борони сел ва обхезиҳои пай дар пай дар шаҳрҳои Гуандун, Хунан, Сзянси, Футсзян ва ноҳияи мухтори Гуанси-Чжуански Ҷумҳурии Мардумии Чин наздики 9 миллиону 93 ҳазор сокин зарари ҷиддӣ дид. Теъдоди қурбониёни офати табиӣ ба 64 нафар расида ва 6 каси дигар дар қатори гумгаштаҳо қарор дорад. Бо эътино ба таҳдиди обхезиҳои навбатӣ кормандони Хадамоти наҷотдиҳии кишвар беш аз 20 ҳазор сокини минтақаҳои дучори офати табииро ба ҷойҳои нисбатан бехавф интиқол доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сокинони зарардида 82 миллион доллар кумакпулӣ ҷудо намуд. Мувофиқи иттилои расида, хисороти офати табиӣ 572 миллион долларро ташкил медиҳад.
Таркиши шадид дар Покистон
Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи дирӯз дар музофоти Курами Ҷумҳурии Исломии Покистон таркиши сахт ба амал омад. Бар асари ҳодиса 8 кас ба ҳалокат расида, 6 тани дигар бо захмҳои гуногун бистарӣ гардид. Масъулияти таркишро ҷангиёни ҳаракати «Толибон» ба уҳда гирифтанд. Аз соли 2001-ум то инҷониб дар пайи силсилатаркишҳо ва дигар амалҳои террористӣ ҳазорҳо нафар сокинони Ҷумҳурии Покистон ҷони худро аз даст додаанд.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






