Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Фалокати чархбол дар Испания
Душанбе, 10 июн (АМИТ «Ховар»).- Соати 14:00-и имрӯз бо вақти маҳаллӣ ҳавопаймои ҳарбии неруҳои низомии Испания начандон дуртар аз пойгоҳи Морон-де- ла-Фронтераи қисми ҷанубии мамлакат ба фалокат дучор омад. Дар вақти ҳодиса сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расидааст.Мувофиқи иттилои расида, мақомоти ҳарбӣ ҳавопаймо парвози тамринӣ анҷом медоданд. Бо мақсади муайян намудани сабабҳои рух дода, кормандони ниҳодҳои дахлдор тафтишот мебаранд.
Таркиши қатора дар Канада
Душанбе, 10 июн (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз дар ҳавзаи Пиктуи музофоти Шотландияи Нави қисми шимолии Канада 6 вагони қатораи боркашонии ҳомили гази моеъ аз роҳи оҳан дар ҳаракати босуръат берун баромад. Ҳангоми ба фалокат дучор омадани қатора дар дохили он ба ҷуз сарнишин ва ёвари ў дигар касе набуд. Бояд гуфт, ки ҳодисаи мазкур 20 километр дуртар аз нуқтаи маъмурии камаҳолии Стеллартон ба вуқўъ омадааст. Тафтишот дар ин самт идома дорад.
Амали терористӣ дар Нигерия
Душанбе, 10 июн (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Гомбеи қисми шимолу шарқии Нигерия бар амали террористӣ 2 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Гуфта мешавад, ки ҳалокшудагони ин фоҷеа як зан ва корманди мақомоти полис мебошанд. Мувофиқи иттилои расида, таркиш берун аз бинои қароргоҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст. То кунун ягон шахс ё гурўҳ ҳодисаи мазкуро бар уҳда нагирифтааст.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






