Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Реҷаи амалиёти зидди террористӣ Душанбе, 11 июн (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон дар ноҳияи Золски Ҷумҳурии Қабардаю Балқар реҷаи амалиёти зидди террористӣ ҷорӣ карда шуд. Гуфта мешавад, ки реҷаи мазкур ба минтиқаҳои аҳолинишини Шардаково, Светловодск, Золск ва Залукодес дахл дорад. Ба гуфти котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилаи ин кишвар як қатор маҳдудиятҳо дар доираи реҷаи мазкур то мавриди беэътибор донистанаш дар ҳудуди минтақаҳои номбурда амалӣ карда мешавад. Зарбаи мушаки Амрико ба Афғонистон Душанбе, 11 июн (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз ҳавопаймои бидуни сарнишини Нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба як маҳалли аҳолинишини вилояти Вардаки қисми ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чанд зарбаи мушакӣ зад. Бар асари ҳодиса 7 кас ҳалок гардида, 10 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Инчунин бар асари зарбаҳои мушакӣ чандин манзили зисти сокинони маҳаллӣ вайрону валангор шуданд. Ҳамлаи терористӣ дар фурудгоҳи Карочи Душанбе, 11 июн (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта силаҳшўрон дар тан либоси кормандони полисро дарбар намуда, вориди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Карочии Ҷумҳурии Исломии Покистон шуда, ҷониби кормандони он оташ кушодаанд. Дар натиҷаи задухўрд байни ҷангиён ва муҳофизони фурудгоҳ, ки 6 соат идома дошт, 12 чинояткор безарар гардонда шуд. Аз ҷониби кормандони фурудгоҳ 30 нафар ба ҳалокат расид. Парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи номбурда барои чанд соат мутаваққиф гардид.Масъулияти ҳамла ба фурудгоҳро ҷангиёни ҳаракати «Толибон» ба уҳда гирифтаанд. Мусодираи мухаддирот дар ТотористонДушанбе, 11 июн (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон кормандони мақомоти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия санҷиши профлактикӣ гузаронида, аз манзили зисти як тан сокини кишвар 5 килограмм маводи мухаддири синтетикӣ дарёфт ва мусодира намуданд. Мувофиқи хабари роҳбари мақомоти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ин кишвар арзиши маводи мусодирашуда 10 миллион рублро ташкил медиҳад. Нашъаҷаллоб як қисми ин бори марговарро ба миқдори муайян таҷзияву бастабандӣ намуда, барои фурўш омода карда буд. Гуфтан ба маврид аст, ки нашъаҷаллоб як марди 35- сола буда, феълан шуғли доимӣ надоштааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






