Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Июнь 17, 2014 15:57

                       Ҳамлаи силоҳбадастон ба Нигерия
        Душанбе, 17.06.2014.(АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта силоҳбадастони гурўҳи  ифротии «Боко-ҳарам» ба яке аз бозорҳои  маҳалли  Дакуи иёлати Борнои Нигерия ворид гардида, ба ҷониби одамон аз тариқи силоҳ оташ кушоданд.  Дар пайи ин ҳодиса 15 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Ҳамон шаб боз як  нуқтаи аҳолинишинро  мавриди ҳамла қарор доданд. 
Вазъият дар Ироқ мураккаб аст
      Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Вазьият дар ҳудуди Ироқ  рўз аз рўз мураккаб гардида, аҳолии зиёди кишвар  ғайриқонунӣ сарҳадро  убур менамоянд. Гуфта мешавад, ки гурўҳҳои ҷудоихоҳи «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» шаҳри Тел-Афар, воқеъ дар қисми шимолии шаҳри Бағдодро, ки дорои захираҳои бойи нафт мебошад, ишғол намуданд. Мувофиқи иттилои расида, силоҳбадастон беш аз 1 ҳазору 700 нафар низомиёни давлатиро асир гирифта, ба ҳалокат  расонданд.
                                 Ҳалокати 20 нафар дар Венесуэла
    Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз дар  пойтахти Венесуэла- шаҳри Каракас садамаи  мудҳиши нақлиётӣ ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 20 нафар ба ҳалокат расида, 10 тани  дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт. Мувофиқи иттилои расида,  ронандаи автобус дар яке аз шоҳроҳҳо суръати ҳаракатро баланд карда, ба фалокат дучор мегардад.
 
Сӯхтори шадид дар Испания
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар қисми шимолу шарқии Испания сўхтори ҷангалзор то ҳол идома дорад. Мутахассисони соҳаи ҳавошиносӣ як сабаби сар задани сӯхторро аз таъсири раьду барқ медонанд. Кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулода аҳолии минтақаҳои хатарнокро ба ҷойҳои нисбатан ором мекўчонанд. Оташсўзӣ аллакай 400 гектар ҷангалзорро ба коми худ фурў бурдааст. 
 
Дармондани олим дар Олмон
Душанбе, 17 июн  (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар Олмон муҳаққиқи ғорҳо, олими табиатшинос Йоҳан Вестхаузер ҳангоми гузаронидани тадқиқот бар асари   лағжиши гилу санг    дар дохили  ғор бо ду нафар шогирдаш  дармонд.  Барои наҷот додани онҳо беш аз 200 нафар корманди хадамоти наҷотдиҳӣ дар ҷойи ҳодиса  фаъолият дорад. Дар байни наҷотдиҳандагон аз Австрия, Италия ва Швейтсария низ ҳастанд ва барои аз умқи ғор берун овардани олим ва ҳамроҳони ў аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ
 
 
 

Июнь 17, 2014 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд