Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Июнь 18, 2014 15:49

 Фавти 90 шаҳрванди Ҳиндустон
        Душанбе, 18.06.2014.(АМИТ «Ховар»).-Дар штати Биҳари Ҳиндустон 300 нафар ба бемории омоси майна  гирифтор шуда, аз ин шумора алакай 90 нафараш ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, ки аксари онҳо аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Мувофиқи иттилои мутахассисон  ин беморӣ дар Ҳундустон ба асари боронҳои мавсимӣ ва паҳн шудани хомӯшаку магасҳои заҳролуд хуруҷ мекунад. 
                                   Ҷунбиши замин дар Япония
  Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Таҷҳизоти марказҳои зилзиласанҷии Япония 114 километр дуртар аз қисми ҷанубии шаҳри Итао ҷумбиши заминро ба қайд гирифтанд. Ҷумбиши қишри замин аз рўи ҷадвали Рихтер 5,9 баллро   ташкил дод. Чанде пеш низ дар ҷазираи Хонсюи ин кишвар ҷумбиши замин ба амал омада буд. 
Тӯфони шадид дар Амрико
    Душанбе, 18.06.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар қисми шимолу шарқии штати Небраскаи ИМА тўфони шадид ба амал омад. Бар асари офати табиӣ як нафар ба ҳалокат расида, 15 каси дигар бо ҷароҳати гуногун  ба беморхонаи марказӣ интиқол дода шуд. Дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида  кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд.
Озодшавии рӯзноманигори «Ал-Ҷазира»
    Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Пас аз 8 моҳ прокуратураи генералии Миср, хабарнигори шабакаи иттилоотии телевизиони арабии «Ал-Ҷазира» Абдуллоҳ ал-Шамиро аз маҳбас озод кард, вале  то ҳол 3 хабарнигори дигари ин шабакаи бонуфуз дар ҳабси Миср қарор дорад. Онҳоро бо иттиҳоми паҳн намудани ахбори бардурўғ ва иртибот бо ҳаракати мамнўъшудаи «Бародарони Мусалмон» айбдор менамоянд.
                                   Таркиши сахт дар Афғонистон
   Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи дирӯз дар қисми шимолии вилояти Ҳилманди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мошини интиқолдиҳандаи сандуқҳои баргаҳои интихоботӣ мавриди инфиҷор қарор гирифт. Дар ҷои ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳат бардошт. Хотиррасон менамоем, ки дар  ҷараёни интихоботи президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  чунин таркишу амалҳои террористӣ бори аввал набуда, бештар ба назар мерасанд. Бояд гуфт, ки масъулияти  ин амали мудҳишро ягон гурўҳ ба уҳда нагирифтааст. 
 
Боздошти 8 нафар дар Испания
Душанбе, 18.06.2014.  (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си субҳи имрӯз кормандони мақомоти полиси Испания зимни  як амалиёт 8 нафар ҷавонро боздошт намуданд, ки  онҳо дар робита бо гурўҳи «Давлати исломии Ироқ ва Шом» гумонбар дониста мешаванд. Боздоштшудагон ҷавононро бо роҳи фиреб ба доми худ афканда, ба Ироқу Сурия таҳвил медодаанд.  Гуфта мешавад, ки баъзе аз онҳо аз кишварҳои Африқои Шимолӣ ва худи Испания низ мебошанд. 
 
 
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ
 

Июнь 18, 2014 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд