Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тундбоди баҳрӣ дар Чин
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар вилояти Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин тундбоди баҳрии «Хагибис» ба амал омад. Бар асари шиддати он беш аз 13 ҳазор нафар сокини маҳалҳои наздисоҳилии шаҳри Шантоу ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуд. Гуфта мешавад, ки тундбодро боришоти пуршиддати борон ҳамроҳӣ дорад.
Маълумоти ширкати «Сименс»-и Олмон
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ширкати саноатии «Сименс»-и Олмон ва ҳамтои он «Митсубиши»-и Япония дар хусуси харидани сахмияҳои ширкати «Алстом»-и Фаронса расман иттилоъ доданд. Ҳамин тариқ, «Сименс» омода аст барои харидорӣ кардани тиҷорати сохтмони қубурҳои газгузар 3,9 миллиард евро пардохт намояд. Ширкати Митсубиши барои ба даст овардани 40 дарсади бахшҳои тавлидоти қубурҳои неругоҳҳои барқӣ-ҳастаӣ омодагии худро баён дошт. Дар маҷмўъ, ҳаҷми маблағи пешниҳодкардаи ин ширкатҳо 7 миллиард евроро ташкил медиҳад.
«Водафон» «Кобра»-ро мехарад?
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си маъмурияти ширкати азими оператори мобилии «Водафон»-и Британияи Кабир омода аст бар ивази 145 миллион евро ширкати «Кобра»-и Италияро харидорӣ намояд. Гуфта мешавад, ки таҷҳизоти ширкати «Кобра» ҳамчунин дар соҳаҳои тандурустӣ, алоқа ва соҳаҳои дигар истифода бурда мешавад. Бо харидорӣ кардани ширкати номбурда «Водафон» мақсад дорад нуфузи худро дар соҳаҳои дигар бештар намояд.
Фавти 30 нафар дар Сурия
Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар чанд минтақаи шаҳри Ҳалаби Сурия зарфҳои ҳомили моддаҳои тарканда партоб шуданд. Бар асари ин мушакборон дастикам 30 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар захмҳои гуногун бардоштанд. Гуфта мешавад, ки силсилаи таркишҳо ҳамчунин боиси хароб шудани биноҳои зиёд гардид.
Садама дар Ҳиндустон
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар штати Химачал-Прадеш, воқеъ дар қисми шимолии Ҳиндустон автобуси сайёҳон ба ҷарӣ сарозер гардида, ба садама дучор шуд. Бар асари ин ҳодиса 11 кас ҳалок шуда, 40 каси дигар ҷароҳат бардошт. То ҳол сабабҳои аниқи ҳодиса муайян нашудааст. Бояд гуфт, ки рўзи 12-уми июни соли равон низ дар Ҳиндустон автобуси сайёҳон ба садама дучор шуд. Он гоҳ бар асари ин ҳодиса 12 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар ҷароҳат бардошт.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






