Чаро ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон меафзоянд?
Душанбе, 11.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010-ум 531 ва соли 2013-ум 680 ҷинояти марбут ба савдои одамон дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ин омор аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон сол ба сол дар ҷумҳурӣ боло рафта истодааст, ки он амнияти давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро халалдор менамояд», — гуфт Абдуманнон Холиқов- муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон 11 июн зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон. Мавсуф афзуд, ки ду лоиҳаи қонун -«Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», ки аз сӯи Президенти кишвар ба Парлумон ироа гардида буд, дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва ризоияти субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои зикршуда ба як қонун муттаҳид карда шуданд. Муовини аввали вазири адлияи кишвар афзуд, ки лоиҳаи қонун дар таҳрири нав бо мақсади иҷрои банди 18-и «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон барои солҳои 2011-2013» ва таъмини иҷрои зербанди «а»-и банди 1-и «Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза ба савдои одамон барои солҳои 2014-2018» таҳия гардидааст. Ҳадафаш таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирии аз ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 9 боб ва 48 модда иборат буда, сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, асосҳои ташкилии муқовимат ба савдои одамон, расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти субъектҳои давлатиро дар самти бевоситаи муқовимат ба савдои одамон, ҳамкории байналмилалӣ ва дигар масоили марбут ба онро ба танзим медарорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






