Чаро ноболиғон мардуми осоиштаро лату кӯб мекунанд?
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино-2, шаҳрванд Ғаниев Нозим Каримович, соли таваллудаш 1994, сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25.06.2014, тахминан соати 20.00-дақиқа шахсони номаълум дар назди бинои 31-уми кӯчаи Испечак-2 аз ҳиссиёти баланди авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ӯ ва ҳамроҳонаш- Камолов Саидаъзам Сайдалиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Холов Комил Қосимович, соли таваллудаш 1997, хонандаи синфи 10-ум ва Қурбонов Муҳаммад Аҳмадович, соли таваллудаш 1996, сокинони пойтахтро бе ягон асос лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа Н. Ғаниев ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 3 нафар ноболиғ, хонандагони мактаби миёна дастгир шуданд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






