Чеварони тоҷик бо усули «3G Tailor» шинос мегарданд
Душанбе, 12.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Беш аз 20 тренер ва корбарони мошинаҳои дӯзандагии ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон бо усули нодиру муосири омӯзишии “3G Tailor” аз ироагари маъруфи хадамоти машваратӣ дар саноати дӯзандагӣ дар Осиё — «Rajesh Bheda Consulting», шинос мешаванд. Ин усул замони омӯзишро то ба 75% коҳиш дода, самаранокии кори коромӯзонро беҳтар месозад. Давраи омӯзишии “Тамрини мураббӣ” (“Train the Trainer”) бо усули “3G Tailor” имрӯз, 12-уми июн дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд ва дар доираи он тренерони оянда аз коршиноси ширкати «Rajesh Bheda Consulting» Пол Колйер омӯзиш мегиранд. Пол Колйер таҷрибаи беш аз 40 соли кор дар саноати дӯзандагиро дорад. Намояндагони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон назири “Дилором”, “Лидер”, “Ноҳид”, “Ресандаи Қӯрғонтеппа”, “Фирӯз” ва “Текстил Ситӣ” дар ин давраи омӯзишӣ ҳузур доранд. Ин давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ таҳти унвони “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Яке аз мушкилоти асосие, ки корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон рӯбарӯ мешаванд, камбуди мутахассисон, хусусан дӯзандагони моҳиру ҳирфаист ва бинобар сабабҳои молӣ наметавонанд кормандони навро омӯзиши кофӣ диҳанд. Раҷеш Бҳеда, мушовири байналмилалии МТБ доир ба мудирияти сифат ва маҳсулнокӣ ва мудири иҷроияи ширкати консалтингии “«Rajesh Bheda Consulting», мегӯяд, давраи омӯзишии “3G Tailor” бо ҳадафи талоше ҷиҳати рафъи ин мушкил баргузор мегардад. Мавсуф афзуд, ки ҳадафи ин усул омода кардани мутахассисонест, ки дар тӯли камтар аз як ҳафта дигаронро омӯзиш дода тавонанд, ки чӣ гуна аз таҷҳизоти навтарин истифода бояд бурд. Ин усул дар корхонаҳои пешрафтаи дӯзандагии Бритониёи Кабир, Чин, Ҳиндустон ва Шри-Ланка натиҷаҳои назаррас додаст. Иштирокдорони давраи омӯзишӣ бо асосҳои омӯзонидани калонсолон, муоширати муассир ва маҳорати тренерӣ шинос мешаванд. Наворҳои видеоии таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ барои таҳлили усулҳои тренерӣ ва таҳияи барномаҳои омӯзишӣ ҳамзамон намоиш дода мешавад.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






