Чкалов: Истироҳати ройгон барои кӯдакон
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- 100 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Чкалов аз 16-уми июн то 9-уми июли соли равон дар истироҳатгоҳи шаҳрии гимназияи №2-шаҳр ройгон истироҳат менамоянд.
Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, кӯдаконе ба истироҳатгоҳ ҷалб гардидаанд, ки қисме аз оилаҳои камбизоат буда, қисми дигар ятим ва ятими кулл мебошанд.
Баҳри таъмини фароғат ва баланд бардоштани дониши хонандагон дар истироҳатгоҳ маҳфилу озмунҳо, аз ҷумла маҳфилҳои “Дастони моҳир”, “Дӯзандагиву бофандагӣ”, “Дӯстдорони табиат” , озмунҳои “Донишфизо”, “Калидчаи заррин” гузаронида мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






