Д. Леруа: Тоҷикистон барои Фаронса кишвари муҳим ба ҳисоб меравад
Душанбе,18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи ин кишварро, ки бо мақсади вусъати доираи фаъолият ба вилояти Суғд ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни гуфтугӯ ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷуҳи Дидйе Леруа ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи Фаронсаро ба рушди ҳамкориҳои тарафайн ва сиёсати дарҳои кушод, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон пеш гирифтааст, ҷалб намуд.Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 15 ширкати фаронсавӣ фаъолият мекунад. Таъкид шуд, ки маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд, ки дар шоҳроҳи Абрешим қарор дорад, дар таърих ҳамчун маркази иқтисоду тиҷорат шинохта шудааст ва вилояти Суғд бо имкониятҳои фаровони иқтисодию иҷтимоӣ омодаи ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорони хориҷӣ мебошад. Имрӯз дар вилоят 330 корхонаи хурду бузурги саноатӣ амал мекунад ва соҳаи кишоварзӣ чун самти афзалиятноки иқтисодиёт дар таъмини соҳаи саноат бо ашёи хоми хушсифат ҳиссагузор аст. Маҷмуан, дар ду соли оянда ба андозаи як миллиард доллари амрикоӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилоят дар назар дошта шудааст, ки аз беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ дарак медиҳад.Вилояти Суғд ҳамзамон имкон дорад, дар соҳаи сайёҳӣ, фарҳанг ва тарбияи мутахассисон бо Фаронса ҳамкорӣ намояд.Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа гуфт, ки аз сафари чорумаш ба вилоят ва аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои тарафайн умеди калон дорад. Ба туфайли фазои устувори сармоягузорӣ Тоҷикистон барои Фаронса кишвари муҳим ба ҳисоб меравад ва ин кишвар хостори ҳифзи муносиботи тиҷоратию истеҳсолӣ бо ин ҷониб аст.Дидйе Леруа ҳамзамон тасмими ширкати машҳури «Ашан» — ро дар мавриди бунёди нахустин гиппермаркети худ дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шуд ва онро амалишаванда арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






