Дар интиқоли барқ маҳдудият нест

Июнь 13, 2014 09:46

Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯзҳо дар баъзе ВАО ва сомонаҳо гузоришҳои беасос пайдо шудааст, ки гӯё дар фасли тобистон дар баъзе минтақаҳои кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст. Дар робита ба ин сардори маркази матбуоти ширкати « Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ « Ховар » изҳор намуд, ки: «айни замон дар интиқоли барқ дар кишвар ягон маҳдудият мавҷуд нест. Мо ҳатто дар ин фасл ба хотири беҳ гардонидани вазъи молиявии ширкат берун аз ҷумҳурӣ барқ интиқол медиҳем. То ҳол бобати норасоӣ аз нерӯи барқ ягон корхонаи хурду бузург низ даъвое пешниҳод накардааст. Рост аст, ки ҳангоми таъмиру тармим дар ин ё он минтақа ва ноҳияҳо баъзан барқ хомӯш карда мешавад, вале дар чунин ҳолат масъулини ширкат ва корхонаҳои зертобеи он тавассути ВАО-и ҷумҳуриявӣ ва дохилӣ муштариёнро пешакӣ огоҳ месозад ».Ширкати «Барқи Тоҷик » аз тамоми муштариён-истифодабарандагони нерӯи барқ хоҳиш дорад, ки аз барқ эҳтиёткорона истифода баранд ва ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пурра ва сари вақт пардохт намоянд.

Июнь 13, 2014 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд