Дар Рӯзи ваҳдати миллӣ чанд рӯз истироҳат дорем?
Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 27 июн дар Тоҷикистон 17 – умин солгарди Рӯзи ягонагӣ ва ризоияти миллӣ таҷлил мешавад. Бинобар таҷлили иди миллӣ, 27 июн расман рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Азбаски 27 июн ба рӯзи ҷумъаи корӣ рост меояд, ин рӯз мувофиқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи дигар гузаронида нашуда ва сокинони Тоҷикистон як рӯз — 27 июн истироҳат мекунанд. 28 ва 29 июн, яъне рӯзҳои шанбею якшанбе, рӯзҳои тақвимии истироҳат ба шумор рафта, 30 июн рӯзи корӣ аст. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Хотирнишон месозем, ки соли 1997 дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳузури нахустпрезиденти Федератсияи Русия Борис Елсин Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо намуда буданд. Созишнома ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси талафи беш аз 100 ҳазор нафар гардид, хотима гузошт.
Дар ин рӯз чун анъана дар саросари кишвар чорабиниҳои оммавии идона рӯи кор оварда, консертҳо ва ярмаркаю ҷашнвораҳо баргузор мегарданд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22 майи соли 1998 ва дар асоси моддаи 83 Қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон , ҳамчунин мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ — 27 июн расман рӯзи ид ва истироҳат эълон шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






