Дар шарикӣ ба куштори ноболиғи 17-сола боз се нафар дастгир шуд
Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Чуноне ки иттилоъ додем, 30 май дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт, дар назди яке аз биноҳои истиқоматӣ, як гурӯҳ ҷавонон, аксар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо якдигар занозанӣ карда, дар натиҷа яке аз иштирокчиён — ноболиғи 17-сола, хонандаи синфи 11, аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид.Кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, нӯҳ нафар ноболиғи 17-18-сола ва шаҳрванд Баҳрулло Асоев, соли таваллудаш 1995, сокинони шаҳри Душанберо дастгир намуданд.Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ аз ҷониби кормандони бахши фаврии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино-2, ҳамчун гумонбар дар шарикӣ ба ҷинояти мазкур шаҳрвандон Фарҳод Рауфов, Фазлиддин Сатторов, соли таваллудашон 1996 ва Баҳодур Раҳимов, соли таваллудаш 1994, сокинони пойтахт низ дастгир шуданд.Нисбат ба нафарони мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






