Дарёфти ҷасади ҷавон бо 19 захми халидаю бурида
Душанбе, 23.06.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дар ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ аз дохили заҳбури обпарто ҷасади сокини 26-солаи маҳаллӣ Азизхуҷа Неъматов бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, аз рӯйи ташхис дар қисми гулӯ, қафаси сина ва тахтапушти номбурда 19 захмҳои халидаю бурида бо олоти тезу бурранда муайн шудааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсияи вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор сокини 27 -солаи ноҳияи Масчтоҳ Ниёзмаҳмад Абдуллоевро дастгир намуданд.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






