Дарёфти ҷасади сокини 24-солаи пойтахт
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, 16 июн тахминан соати 17:05-дақиқа дар байни биноҳои истиқоматии кӯчаи Алишер Навоии пойтахт дар вақти азназаргузарондар дохили мошини «Hundai Tukson» ҷасади шаҳрванд Хурсандмурод Шоҳраҷабов, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд.
Тибқи иттилои манбаъ номбурда 14-уми июн аз хонаашон баромада, бедарак ғайб зада буд. Баъди азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи дигар кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор ду нафар сокини ноҳияи Варзоб, Сайриддин Исматови 24 -сола ва Наҷмиддин Исматови 37 -соларо, ки пеш суд шудааст, дастгир намуданд.
Муайян шуд, ки дастгиршудагон рӯзи 16-уми июн дар ҳавлии истиқоматиашон бо истифода аз таппончаи “Макаров” шаҳрванд Хурсандмурод Шоҳраҷабовро ба қатл расонида, сипас ҷасади ӯро ба мошин бор карда, ба кӯчаи Алишер Навоии пойтахт оварданд. Ҳамчунин қотилон кӯшиши оташ задани мошинро карда, зарфи пластикии 1,5 литраро оташ гиронда, ба дохилаш партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






