Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Эстония рафт
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). — 4 июн ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол ба шаҳри Таллини Эстония рафт, ки дар он ҷо 7 июн бо дастаи мунтахаби Эстония қувваозмоӣ менамояд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайати дастаи мунтахаб бо роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Азизбек Раҷабов 22 нафар футболбозон шомиланд.
Дастаи мунтахаби миллии кишвар пеш аз сафар ба Эстония дар варзишгоҳи клуби футболи «Истиқлол» воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор машқ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






