Даъвати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз бар асари истеъмоли тамоку ҳар 6 сония як нафар нобуд мешавад. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Рӯзи умумиҷаҳонии фориғ аз тамоку, ки ҳар сол 31 май таҷлил мешавад, кишварҳои ҷаҳонро даъват менамояд, ки андози маснуоти тамокуро баланд бардорад. Мақсад аз ин тадбир аз истеъмоли тамоку даст кашидани ҳаводорони он мебошад. Дар натиҷаи 50 фоиз баланд бардоштани андози маснуоти тамоку теъдоди истеъмолкунандлагони он баробари 49 миллион нафар коҳиш ёфтааст. Дар ин бора аз Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи маълумоти ташкилоти мазкур, истеъмоли тамоку боиси хароҷоти зиёди оилаҳои алоҳида ва корхонаю ҳукуматҳо гардида, барои муолиҷаи бемориҳои саратон ва дил вобаста бо истеъмоли тамоку маблағе зиёде сарф мешавад.
Хотирнишон месозем, ки моҳи декабри соли 2010 дар ҷумҳурӣ тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шуда буд. Қонун «Дар бораи маҳдуд сохтани истифодаи маснуоти тамоку» фурӯши тамоку ва тамокукаширо дар ҳудуди мактабу беморхонаҳо, биноҳои ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият, дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳо, осоишгоҳҳо, иншоотҳои варзишию фарҳангӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






