Даври 7-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Регар-ТадАЗ», ки қаблан мавқуф гузошта шуда буд, дар даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дирӯз дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол”-и Душанбе бо 22 имтиёз пешсаф мебошад ва ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад. Бояд гуфт, ки «Истиқлол» сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври 9-ум ва охирини марҳалаи аввали мусобиқот, ки рӯзи шанбеи 21-уми июн баргузор хоҳанд шуд, дар давраи якум барои рақибонаш дастнорас гаштааст.
Барои ҷойҳои дувуму севум се даста — «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хайр»-и Ваҳдат талош доранд. Дар ҳамин ҳол «Хуҷанд» бо 15 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Дастаҳои «Хайр» ва «Парвоз» бо 13-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






