Дидбонгоҳи сарҳадии 2850 дар арафаи анҷомёбист
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар идомаи сафари кориаш ба ноҳияи Мастчоҳ ҷараёни корҳои сохтмонии дидбонгоҳи сарҳадии қисми низомии 2850 — и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ-ро мавриди назар қарор дод.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи апрели соли 2013 оғоз ёфта, дар арафаи анҷомёбист. Фармоишгари иншоот Агентии мубориза бар зидди фасоди кишвар ва пудратчии он ҶДММ “Сохтмон” мебошад. Харҷи умумии лоиҳавӣ 8,5 милион сомониро ташкил медиҳад. Дар айни замон корҳои пардозгарӣ ва ободонии атроф ҷараён дошта, ба ин кор 70 нафар бинокор ҷалб гардидааст. Дидбонгоҳ бо назардошти талаботи замони муосир бунёд ёфта, тибқи лоиҳа дар ҳудуди он ҳаммом, ошхона, хобгоҳ, бинои маъмурӣ, хонаи афсарон, майдончаи сафороиву варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон қомат афрохтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






