Дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон
Душанбе, 06.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- 5 июн дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ дидор ва гуфтугӯ намуд.Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки самти ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон, ки бо он муштаракоти зиёди забонӣ ва фарҳангию таърихӣ дорад, аз солҳои нахустини истиқлоли давлатии худ ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои афғонии худро бо баргузории муваффақонаи даври якуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои даври ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таҳкими сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии он кишвар мусоидат хоҳанд кард.Вазири умури хориҷаи Афғонистон, бо ишора ба ҷойгоҳи муҳими геостратегии ду кишвар дар минтақа таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистон ба манзури рушду тавсеаи худ бояд муштаракан тарҳҳои бузурги зербиноиро дар соҳаҳои ҳамлу нақл, истеҳсол ва интиқоли неруи барқ амалӣ намоянд.Мусоҳибон бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба, ба густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми заминаҳо ибрози омодагӣ карданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






