Дипломи “Россотрудничество” ба А. Раҳмонов

Июнь 7, 2014 12:18

 
Душанбе,07.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Владислав Курнушко ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо ректори он Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишгоҳи мазкур  Бахтиёри Абдураҳим дар оғози вохӯрӣ, ки бо ҳузури васеи роҳбарони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид, А.Раҳмонов равобити мутақобилан судманди таълимгоҳро бо “Россотрудничество” ситоиш карда, изҳор дошт, ки ин ташкилот барои омӯзиши густурдаи забони русӣ дар донишгоҳ иқдомоти наҷибу манфиатборро амалӣ намудааст.
Ректор аз фаъолияти Маркази русӣ ва ифтитоҳи Маркази забон, фарҳанг ва таърихи рус, ки чанде қабл таъсис ёфта буд, ёдовар шуда, онҳоро намунаи барҷастаи натиҷаи ҳамкориҳо унвон кард.
Дар такя бар қавли А.Раҳмонов, айни замон марказҳои мазкур бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз буда, барои густариши забони русӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Хоҳишмандон бемамониат аз технологияи омӯзишии марказ ба таври ҳамешагӣ истифода менамоянд.
Роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Владислав Курнушко низ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар пояи баланд арзёбӣ карда, саҳми ректор А.Раҳмоновро дар ин самт назаррас ва шоистаи таҳсин унвон намуд. Ба ақидаи мавсуф, дар таъсис ва фаъолияи Маркази русӣ, на танҳо дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, балки дар кулли манотиқи Тоҷикистон А.Раҳмонов нақши арзанда дорад. Бинобар ин, роҳбарияти олии Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” тасмим гирифт, ки дар Рӯзи забони русӣ ва Рӯзи шоири бузург Пушкин ба хотири таҳким, тарғиб ва густариши забони русӣ А.Раҳмонов бо дипломи махсуси ин ташкилот қадрдонӣ гардад.
Сипас, дар ҳузури ширкатдорон ва дар фазои тантанавӣ Владислав Курнушко дипломро ба Абдуҷаббор Раҳмонов тақдим намуд.

 

Июнь 7, 2014 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд