«Донаки сеҳрнок» дар Суғд
Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Имрӯз дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалов ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон намоишномаи “Донаки сеҳрнок” пешкаши толибилмони мактаби “Гулчини маърифат” — и шаҳри Хуҷанд гардонида шуд.
Ба гуфти масъулини театр то ба имрӯз дар як силсила шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Истиқлол, Спитамен, Ашт, Конибодом ва ҷамоати шаҳраки Палос намоишномаи “Донаки сеҳрнок” ба саҳна гузошта шудааст.
Инчунин масъулин иброз доштанд, ки кормандони театр дар баробари ба рӯи саҳна овардани намоишномаҳои наву диданӣ, инчунин барои иштирок дар озмуни вилоятӣ, ки охири соли равон бахшида ба Рӯзи театри тоҷик дар вилояти Суғд баргузор мегардад, омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 15-ум то 22-юми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе 4-умин Фестивали байналмиллалии театрҳои лӯхтак бо номи “Чодари хаёл” баргузор гардид, ки дар қатори беш аз 10 театрҳои кишварҳои ҷаҳон Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалов бо намоишномаи “Донаки сеҳрнок” иштирок намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






