Дурнамои таъмини сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 26.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имсол мардуми тоҷик 17-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд, ҷашн мегирад. Ин санад татбиқи мантиқии қарорҳои таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шароити мусоидеро барои фаъолияти созандагию бунёдкорӣ ва рушди босуботи кишвар равона гардонид. Ин шароит ба Ҳукумати ҶТ имконият дод, ки раванди қатъшудаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро, ки зарурати он пас аз касби истиқлол ба вуҷуд омада буд, давом диҳад. Бояд эътироф намуд, ки агар мо метавонистем ҷанги дохилиро пешгирӣ намоем, он гоҳ вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ имрӯз хеле беҳтар мебуд, чунки тавонмандии иқтидори онвақтаи ҷумҳурӣ имконият медод, бе мушкилии зиёд ба муносибатҳои навини иқтисодӣ гузарем. Пас, метавон натиҷагирӣ кард, ки барои Тоҷикистон – солҳои муқовимату даргирӣ вақти аз даст рафта ва давраи мақсадҳои амалинашаванда гардид.Ҷанги дохилии таҳмилшуда аз сӯи бадхоҳони миллат раванди гузаштан ба муносибатҳои навини иқтисодӣ, ки воқеияти нави иҷтимоӣ-сиёсии баамаломадаро пас аз касби истиқлол тақозо мекард, қатъ намуд. Тайи солҳои муқовимат кишвар дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии худ бисёр чизҳоро аз даст дод ва дар натиҷа мо аз дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ қафо мондем. Ин кишварҳо ба ҳодисаҳои фоҷеабори ба сари мо омада дучор нашуда буданд, бинобар ин, дар татбиқи ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ хеле пеш рафтанд. Мутаассифона, дарку фаҳмиши бемаъно ва ҳалокатовар будани идомаи даргириҳои дохилӣ, дер ба мо расид. Замоне ба худ омадем, ки ҷумҳурӣ дар остонаи фоҷеаи миллӣ қарор гирифта буд. Саъю талоши зиёд, гузашт ба якдигар лозим омад, то ин ки дастёбӣ ба сулҳу ризоят муяссар гардад. Гузашти вақт нишон дод, ки ин ягона стратегияи дурусти рақибони сиёсӣ ба якдигар буд, ки ҳифзи давлату давлатдории тоҷиконро таъмин намуд.Тайи 17 соли гузашта дар Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом гирифт, то ин ки ҷумҳурӣ дигар ҳеҷ гоҳ он саҳифаҳои фоҷеабор дар таърихи навини худ, ки дар марҳилаи аввали касби истиқлол насибаш гардида буд, аз сар нагузаронад. Самти муҳими фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон ташаккули асоси қонунгузорӣ барои гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, қабули стратегияи сарнавиштсоз оид ба такмили идоракунии давлат ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ ташкил дод. Ҳукумати ҶТ ба ҳалли мушкили камбизоатӣ таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, пешбинӣ шудааст, дар соли 2015 ин нишондиҳанда то ба 30 фоиз паст карда шавад. Ҳамчуноне ки дар Паёми Президенти кишвар қайд шудааст, миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин барои беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Аз ҷумла бо ин мақсад дар соҳаи саноат сохта, ба истифода додани 150 корхонаи нави истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст . Муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёбад.Панд ва дарси асосие, ки мардуми мо аз фоҷиаи 17 сол пеш гирифтааст, ин аст, ки тамоми мушкилоти дар ҷомеа бавуҷудомада, бояд бо роҳи сиёсӣ ҳалли худро пайдо намояд, зеро тавре ки таҷриба нишон медиҳад, роҳи дигар ба худкушии миллат ва аз байн рафтани давлатдорӣ мебарад. Сарфи назар аз тамоми мушкилиҳое, ки кишвари мо ва мардуми мо дар давраи гузариш аз сар гузаронид, дар афкори ҷамъиятӣ ин эътиқод сахт ҷой гирифтааст, яъне бо роҳи ваҳдат ва ризоияти миллӣ метавон тамоми нақшаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳуриро амалӣ намуд. Ҳодисаҳои «баҳори араб», ки боиси тағйири низоми сиёсӣ дар Тунис, Миср,Либия, ва Яман гардид ва бесуботӣ дар Сурия мисоли равшани ин аст. Дар айни замон, «баҳори араб» огоҳиест, ки таъхир дар ислоҳоти пухтарасида, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар ҷумҳурии мо метавонад сулҳу ризояти бадастомадаро халалдор намояд. Вазъияти баамаломада дар иқтисод, сиёсат ва масъалаҳои иҷтимоӣ зарурати чунин ислоҳотро эҷод менамояд. Барои ҳифзи сулҳ, субот ва ризоият дар Тоҷикистон бояд ба масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард: 1.Мубориза бо коррупсия бояд аз сухан ба чораҳои амалии ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани ришвахӯрон табдил ёбад. Қабл аз ҳама, ин ба ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи идоракунии давлат ва дар он риштаҳое, ки дар онҳо мутобиқи маълумоти таҳқиқоти охири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттилооти ВАО коррупсия васеъ паҳн шудааст, дахл дорад. 2. Назорат ба вазъияти бозори истеъмолӣ ва афзоиши мунтазами нарх бояд таҳти таваҷҷӯҳи хоси Ҳукумати ҶТ қарор дошта бошад. Чунин вазъият сабаби ташвишу нигаронӣ ва баъзан ғазабу норизоиятии одамон мегардад, чунки он бевосита ба сатҳи зиндагии мардум, махсусан табақаҳои камдаромад таъсир мерасонад. 3. Бояд назорат ба иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» аз тарафи сохторҳои давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тақвият ёбад, чунки дар бисёр вазоратҳо ва идораҳо қонуни мазкур риоя ва иҷро мешавад ва аз рӯи муроҷиат ва шикояти шаҳрвандон чораҳои мушаххас андешида намешавад, ки ин нобоварии одамон ба мақомоти ҳокимияти давлатиро ба вуҷуд меоварад. 4. Шӯрои Ҷамъиятӣ бояд фаъолтар шавад, то ин ки ба татбиқи қарорҳои қабулшуда ва тавсияҳои худ дар робита ба такмили низоми интихоботӣ, мутобиқати он бо меъёрҳои байналхалқӣ ва шаффофияти баргузории интихобот муваффақ гардад. 5. Бояд дар робита ба ҷалби аққалиятҳои миллӣ ба корҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд, ба маҳдудшавии ҳуқуқ аз рӯи аломатҳои қавмӣ ва забонӣ бояд роҳ надод, бо донистани забони далатӣ ба онҳо бояд ин имконро дод, то барои амалӣ намудани истеъдод ва малакаи кории хеш дар рушду инкишофи давлат ва кишвар саҳми худро гузоранд . Коршиноси сиёсӣ, Ҳикматулло Хоҷаев