Эҳтироми мардуми Кувейт ба фарҳанги тоҷикон
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дирўз дар Осорхонаи миллии Кувейт ба муносибати яксолагии ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Кувейт ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувейт доир гардиданд. Дар пештоқи бино бо ду забон — тоҷикӣ ва арабӣ «Зи оини сидқу бародархондагӣ, Тоҷикистону Кувейт ба ҳам омадаанд» навишта шуда, дар ду самти навиштаҷот акси президентҳои ҳар ду кишвар мунъакис гардида буд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини Дабири кулли Шўрои фарҳанги Кувейт Муҳаммад Асусӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Муҳаммад Румӣ ширкат варзиданд. Толор бо намунаи ҳунарҳои миллӣ, кордсозӣ, зардўзӣ, сўзанидўзӣ, қаннодӣ, гўшаи китобҳои Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон бо 70 акси зебое аз таъриху фарҳанг, урфу одат, табиати дилосову чеҳраҳо ороиш ёфта буд, ки дар якҷоягӣ композитсияи бойю рангинеро аз рўзгори кишвари Тоҷикистон бозгў мекард. Ба гуфти муаллифи аксҳо Шуҳратҷон Ёров намоиши суратҳо бахши таърих, ҳунарҳои мардумӣ, манзараҳои табиат, чеҳраҳои тоҷикиро дар бар мегирад, ки дар он Тоҷикистони азиз бо тамони нозукиҳояш инъикос гардидааст.
Толори пури тамошобин гувоҳи он буд, ки мардуми сарзамини Кувейт бо тамаддун ва фарҳанги тоҷикӣ хубтар ошно гардида, аз ҳар хусус пурсишҳо мекарданд. Намунаи ҳунарҳои миллӣ ва аксҳои дар маърази тамошо гузошта ин мардуми зебопарастро ба тасхир оварда буд. Ҷавонон ва мардуми куҳансол шефтаи офаридаҳои дастони эҷодкори мардуми тоҷик гардиданд.
Ба толори намоишгоҳ ташриф овардани намояндагони корпусҳои дипломатӣ, намояндагони мардумӣ ва аҳли илму адаб далели эътимодбахш бар сиёсату фарҳанги диёри азизамон аст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Кувейт Зубайдулло Зубайдов тамоми меҳмононро пазироӣ намуда, оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишварҳо, дастовардҳои имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Ў махсусан зикр намуд, ки пас аз ташрифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Кувейт муносибатҳои ҳамкории ин кишварҳо густариш ёфта, зина ба зина рушд мекунанд.
Баъда аз тамошои намоишгоҳ барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва рақсҳои дилошӯби ансабли рақсии «Зебо» хотири меҳмонон ва тамошобинонро дучанд болида гардонид. Лаҳзаҳои хотирмон аз ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик то дер дар хотири мардуми санъатдўсти Кувейт нақш хоҳанд баст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






