Эҳтироми мардуми Кувейт ба фарҳанги тоҷикон

Июнь 20, 2014 09:23

Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дирўз дар Осорхонаи миллии Кувейт ба муносибати яксолагии ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Кувейт ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувейт доир гардиданд. Дар пештоқи бино бо ду забон — тоҷикӣ ва арабӣ «Зи оини сидқу бародархондагӣ, Тоҷикистону Кувейт ба ҳам омадаанд» навишта шуда, дар ду самти навиштаҷот акси президентҳои ҳар ду кишвар мунъакис гардида буд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини Дабири кулли Шўрои фарҳанги Кувейт Муҳаммад Асусӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Муҳаммад Румӣ ширкат варзиданд.  Толор бо намунаи ҳунарҳои миллӣ, кордсозӣ, зардўзӣ, сўзанидўзӣ, қаннодӣ, гўшаи китобҳои Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон бо 70 акси зебое аз таъриху фарҳанг, урфу одат, табиати дилосову чеҳраҳо ороиш ёфта буд, ки дар якҷоягӣ композитсияи бойю рангинеро аз рўзгори кишвари Тоҷикистон бозгў мекард. Ба гуфти муаллифи аксҳо Шуҳратҷон Ёров намоиши суратҳо  бахши таърих, ҳунарҳои мардумӣ, манзараҳои табиат, чеҳраҳои тоҷикиро дар бар мегирад, ки дар он Тоҷикистони азиз бо тамони нозукиҳояш инъикос гардидааст. 
Толори пури тамошобин гувоҳи он буд, ки мардуми сарзамини Кувейт бо тамаддун ва фарҳанги тоҷикӣ хубтар ошно гардида, аз ҳар хусус пурсишҳо мекарданд. Намунаи ҳунарҳои миллӣ ва аксҳои дар маърази тамошо гузошта ин мардуми зебопарастро ба тасхир оварда буд. Ҷавонон ва мардуми куҳансол шефтаи офаридаҳои дастони эҷодкори мардуми тоҷик гардиданд. 
Ба толори намоишгоҳ  ташриф овардани намояндагони корпусҳои дипломатӣ, намояндагони мардумӣ ва аҳли илму адаб  далели эътимодбахш бар сиёсату фарҳанги диёри азизамон аст. 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Кувейт Зубайдулло Зубайдов тамоми  меҳмононро пазироӣ намуда,  оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишварҳо, дастовардҳои  имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Ў махсусан зикр намуд, ки пас аз ташрифи Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Кувейт муносибатҳои ҳамкории ин кишварҳо густариш ёфта, зина ба зина рушд мекунанд.
Баъда аз тамошои намоишгоҳ барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва рақсҳои дилошӯби ансабли рақсии «Зебо» хотири меҳмонон ва тамошобинонро дучанд болида гардонид. Лаҳзаҳои хотирмон аз ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик то дер дар хотири мардуми санъатдўсти Кувейт нақш хоҳанд баст.
 
 

Июнь 20, 2014 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд