Филм дар бораи Боғи миллӣ
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко). — «Тоҷикфилм» ва шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» филми Мирзо Асозода «Боғи миллии Тоҷикистон» — ро ба маърази намоиш мегузоранд. Филми мазкур ба силсилаи «Кишвари ман» шомил буда, дар бораи Боғи миллии Тоҷикистон воқеъ дар маркази Бадахшон қисса мекунад.
Дар филм аз набототу ҳайвоноти Боғи миллӣ, калонтарин пиряхҳои Осиё, аз қабили пиряхи Федченко, ки ба масофаи 77 километр тӯл кашида, бараш баробари 1,5 километр ва ғафсиаш 800 — 1000 метр мебошад, муфассал нақл мекунад.
Офарандаи филм зикр менамояд, ки имрӯз ба беш аз 7 ҳазор намуди ҳайвонот ва қариб 60 ҳазор намуди наботот хавфи нестшавӣ таҳдид мекунад. Бо назардошти ин ҷомеаи ҷаҳон барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот қувваашро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва аз ҷиҳати маънавӣ дареғ намедорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






