Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ибтикори Ҳукумати мамлакат, ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират ба муносибати 17-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ 24-25 июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ доир мегардад.
Дар назар аст, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Фаттоҳзода Саидмурод Самад, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони диаспораҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии минтакавӣ, марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ аз шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат хоҳанд кард.
Аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, ки дар кори Форум, ки он ду рўз дар шаҳри Душанбе идома меёбад, коркарди «Харитаи роҳ» барои ҷалби диаспораҳо дар раванди рушди давлат ва дурнамои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Накшаи чарабиниҳои Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба сифати шарикони рушди кишвар баррасӣ хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






