Фотима Сумар- меҳмони гумрукчиён
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Ҳафтаи сипаришуда Рустами Эмомалӣ, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ёвари котиби давлатии ИМА доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ Фотима Сумарро ба ҳузур пазируфт. Рустами Эмомалӣ аз ташрифи Фотима Сумар ва ҳамкории судманд миёни Хадамоти гумруки кишвар ва Ҳукумати Амрико изҳори ташаккур карда, хонум Фотимаро бовар кунонд, ки сафараш пурсамар ва хотирмон хоҳад буд.
Зимни мулоқот ташаббуси Ҳукумати Амрико оид ба роҳандозии Барномаи нави Роҳи Абрешим мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъсиси бозори ягонаи энергетикӣ, мусоидат ба савдо ва роҳҳои рушди он, ба ҳам овардани соҳибкорон ва тоҷирон паҳлӯҳои асосии барномаро ташкил доданд.
Ҷонибҳо барои беҳтар намудани фаъолият дар соҳаи гумрук таҷдиди назар намуданд.
Дар ин бора Ҳумайро Мирова, сухангӯи хадамоти мазкур иттилоъ дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






