Футболбозони ҷавон — дорандаи Ҷоми бонки «Эсхата»
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – 19 июн мусобиқоти футбол байни кӯдакони соли таваллудашон 2000 – 2001 барои дарёфти Ҷоми бонки «Эсхата» бо ғалабаи дастаи Академияи бачагонаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки имсол бонки «Эсхата» 20 — умин солгарди таъсисёбиашро таҷлил мекунад. Роҳбарияти бонк ба ифтихори ин сана тасмим гирифт, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа мусобиқоти футболбозони ҷавонро ташкил намояд. Дар мусобиқоти шаҳри Хуҷанд, ки моҳҳои апрел ва май сурат гирифт, дастаи «Ли – Нинг» — и шаҳри Хуҷанд пирӯз шуда, Ҷоми бонки «Эсхата» — ро ба даст овард.
Мусобиқот дар шаҳри Душанбе аввали моҳи июн оғоз ёфта ва 19 июн ба охир расид. Дар ин ҷо 8 даста барои дарёфти Ҷоми бонки «Эсхата» қувваозмоӣ намуданд.
Баъди вохӯрии хотимавӣ маросими ботантанаи анҷоми мусобиқот баргузор гардида, ғолибони он мукофот гирифтанд. Қобили зикр аст, ки вохӯриҳои асосии ин мусобиқот имрӯз, 20 июн, дар варзишгоҳи «Пахтакор» — и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






