Грантҳои А. Қодирӣ ба занони ҳунарманд
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд маросими супоридани грантҳои раиси вилояти Суғд бо занони ҳунарманд доир гардид.Қабл аз мулоқот бо занони ҳунарманд раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо намунаи маҳсули дастони онҳо шинос шуд. Дар намоишгоҳ маҳсули дасти бонувони вилоят ва марказҳои истеҳсолӣ, аз қабили сӯзанӣ, қолинҳои навъи маҳаллӣ ва бухороиву эронӣ, инчунин матоъҳои адрасу атлас ба маърази тамошо гузошта шуданд. Маълум гардид, ки сатҳу сифати маҳсулоти ҳунармандон ба маротиб беҳтар шуда, дар бофтани қолинҳои эронӣ ва сӯзаниҳои бухороӣ таҷрибаҳои кофӣ ба даст омадаанд.Раиси вилоят аз пешрафти кори бонувони ҳунарманд изҳори қаноатмандӣ кард ва тавсия дод, ки минбаъд гилембофон асосан қолинҳои андозаи 2 ба 3 ва 3 ба 5-ро истеҳсол намоянд, ки ин тақозои бозор аст. Ба ҷуз маркази таълимии «Шероз», инчунин дар шаҳри Хуҷанд маркази омӯзишию истеҳсолии «Бонуи ҳунар» амал мекунад, ки барои рушди сӯзанидӯзӣ нигаронида шудааст.Бояд гуфт, ки барои расидан ба ҳадаф се нафар мутахассисон-бонуҳои эронӣ ба маркази таълимии «Шероз» даъват шуда, ба занҳои вилоят нозукиҳои гилембофии эрониро меомӯзанд. Муддати таҳсил се моҳ буда, то имрӯз курсҳои омӯзиширо 28 нафар бону хатм ва соҳиби шаҳодатнома гардид. Илова бар ин, 1100 нафар дар марказҳои ҳунаромӯзии шаҳру навоҳии вилоят ба касбҳои анъанавӣ фаро гирифта шуда, 33 нафар бону соҳиби қарзҳои бефоиз гардид.Ҳамин тавр, ба 25 нафар бонуи ҳунарманд аз 12 шаҳру навоҳӣ, ки аз озмун гузаштанд, 201 ҳазор сомонӣ грантҳои раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ супурда шуд. Дар натиҷаи амалӣ намудани грантҳо 337 ҷои корӣ пайдо мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






