Гуфтушуниди Шариф Саид бо муовини раиси ПСС Латвия
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — 10 июн раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар Маҷмааи давлатии «Душанбе — Плаза» бо ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Латвия Аигарс Ростовскис гуфтушунид кард. Муклоқоти роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду кишвар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Латвия Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, масоили рушди ҳамкории судманди байни палатаҳо, густариши табодули тиҷоратии байни ҳар ду кишвар, ҳамчунин роҳандозии муколамаи судманди иттилоотии сохторҳои тиҷоратии Латвия ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси ПСС ҶТ ба меҳмон дар бораи захираҳои ғании кишвар, мавҷудияти нерӯи бозаргонӣ, ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин самтҳои афзалиятноки ҷалби сармояҳо, перомуни имконоту имтиёзҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» нақл кард. «Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъдан, бахшҳои коркарди маҳсулот, соҳаи сайёҳӣ, сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, маориф ва ғайра омода аст», — гуфт раиси ПСС ҶТ. Шариф Саид ба Аигарс Ростовскис пешниҳод намуд, ки масъалаи ташкили намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Латвия дар Душанбе ва анҷумани соҳибкорони Латвияю Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад. Аигарс Ростовскис фикри раиси ПСС Тоҷикистонро дар бораи зарурати вусъат бахшидани ҳамкории байни палатаҳою соҳибкорони ҳар ду кишвар дастгирӣ намуд. Дар анҷоми мулоқот ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Латвия аз намоишгоҳи миллии маҳсулоти Тоҷикистон, ки бо ибтикори ПСС Тоҷикистон доир шудааст, боздид намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






