Х. Раҳматуллоев: АНМН 26 июнро дар сатҳи олӣ мегузаронад
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Соли 1987 Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 26-уми июнро ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он, чун ифодаи ҷасорат баҳри пурзӯр намудани фаъолият ва ҳамкорӣ бо мақсади созмон додани ҷомеаи байналмилалии озод аз маводи нашъаовар эълон намуд.
Ин қарор дар асоси тавсияи Конфронси байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он 7 декабри соли 1987 қабул шуд.
Чун пешгирии нашъамандӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба шумор меравад. Оид ба чӣ гуна гузаронидани ин рӯзи таърихӣ ва имсол аз ҷониби АНМН барои баргузории ин санаи муҳим чӣ гуна чораҳо дида мешаванд, хабарнигори АМИТ “Ховар” вобаста ба ин мавзӯъ ба сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур, полковники хизмат оид ба назорати маводи нашъаовар Хушнуд Раҳматуллоев муроҷиат намуд.
-Ҳамасола 26 июн — дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар — аз тарафи агентӣ маҷмӯи чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ бо ҷалб намудани ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ташкил мешаванд, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ-оммавӣ ва варзишӣ, мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд, ки мақсади асосии онҳо — бурдани корҳои васеи зиддимухаддиротӣ мебошад.
Кормандони АНМН нақша доранд, ки имсол низ ин рӯзи таърихиро дар сатҳӣ олӣ баргузор намоянд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ чун солҳои пешин дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ чорабиниҳои калонҳаҷм гузаронида мешаванд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки имсол аз 30 май то 26 июн дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин дар майдончаҳо, варзишгоҳҳо, чорбоғҳо, клубҳо, муассисаҳои таълимӣ, лагерҳои кӯдакона чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ ва варзишӣ ташкил мешаванд.
Аз тарафи агентӣ дар Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, инчунин ноҳияи Мурғоби ВМКБ “мизҳои мудаввар” дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ” бо иштироки кормандони Маркази ВНМО, марказҳои наркологӣ ва якчанд ташкилоти ғайридавлатӣ аз рӯи масъалаҳои нашъамандӣ ва ВНМО гузаронида мешаванд.
Мизҳои мудаввар бо мақсади муҳокима намудани масъалаҳо ва усулҳои кори пешгирикунанда дар байни табақаи озурдаи аҳолӣ дар асоси нуқтаи назари «Барномаи коҳиши зарар аз истеъмоли маводи нашъаовар, баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ дар соҳаи паст намудани талабот ба маводи нашъаовар ва пешгирии паҳншавии бемории ВНМО» гузаронида мешаванд.
Дар ҳамаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи АНМН бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ аз 30 май то 26 июн ҳамчунин чорабиниҳо ва иқдомҳо бар зидди маводи нашъовар бо иштироки намояндагони аҳли ҳунар ва ҷамъият гузаронида мешаванд. Озмунҳо барои муайян намудани беҳтарин шеърҳо, сурудҳо, расмҳои кӯдакон, намоишномаҳо дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ гузаронида мешаванд.
Дар се вилояти ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин дар пойтахт мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи шоҳмот, таэквон-до, дзюдо, гӯштингирӣ, волейбол, футбол, тенниси рӯимизӣ баргузор мегарданд, ки дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, кормандони идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд намуд.
Ба ғайр аз ин гузаронидани як силсила вохӯриҳо бо намояндагони маориф ба нақша гирифта шудааст, ки дар он масъалаҳои тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагона баррасӣ хоҳанд шуд.
Бо назардошти муҳим будани гузаронидани чораҳои пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 феврали соли 2013 “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ гардид, инчунин кишвари мо ба сафи Кумитаи байналмилалии назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2014-2017 интихоб гардид, ки ин худ аз арзёбии баланди кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъмандӣ, инчунин эътироф намудани натиҷаҳои амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа дарак медиҳад.
Ҳамаи ин натиҷаи муборизаи пайвастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ мебошад.
Мақсади асосии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки аз тарафи агентӣ ва мақомоти дигари салоҳиятдор, созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия мегарданд — ин нигоҳ доштани асоси тарзи ҳаёти солими аҳолӣ мебошад.