Хуҷанд: қитъаи замин барои 143 оила
Хуҷанд, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Дар маҳаллаҳои нави 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд 143 оила соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардид. Тавре ки аз маъмурияти ҳокимияти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар маросими тақсимоти қитъаҳои замин раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карданд.
Масоҳати умумии ду маҳаллаи нави шаҳр 8,58 гектарро ташкил дода, ба ҳар як оила аз минтақаи мазкур 6 сотихӣ замин барои беҳдошти шароити манзил тақсим шудааст. Дар айни ҳол дар навбати гирифтани замин боз 2300 нафар сокини шаҳр дар қайд аст. Мувофиқ ба нақшаи генералӣ дар солҳои наздик дар ин ду маҳалла 4 мактаб, 4 боғчаи бачагона, чойхона, нуқтаи тиббӣ, варзишгоҳ ва чанд иншооти зарурӣ сохта мешавад.
Тақсимоти замин тариқи қуръапартоӣ сурат гирифт








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






