Хуҷанд: қитъаи замин барои 143 оила

Июнь 5, 2014 13:08

 
Хуҷанд, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Шарифзода).-  Дар маҳаллаҳои  нави 14 ва  15-уми шаҳри  Хуҷанд 143  оила соҳиби  қитъаи  замини наздиҳавлигӣ гардид. Тавре  ки  аз  маъмурияти   ҳокимияти  шаҳри Хуҷанд  хабар  доданд, дар маросими тақсимоти қитъаҳои замин раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карданд. 
Масоҳати  умумии  ду  маҳаллаи  нави  шаҳр  8,58  гектарро  ташкил  дода, ба ҳар як оила аз минтақаи мазкур  6 сотихӣ замин барои  беҳдошти  шароити  манзил тақсим  шудааст.  Дар айни ҳол дар навбати гирифтани замин боз 2300 нафар сокини шаҳр дар қайд аст.  Мувофиқ ба нақшаи генералӣ дар солҳои наздик дар ин ду маҳалла 4 мактаб, 4 боғчаи бачагона, чойхона, нуқтаи тиббӣ, варзишгоҳ ва чанд иншооти зарурӣ сохта мешавад. 
Тақсимоти замин тариқи қуръапартоӣ сурат гирифт
 

Июнь 5, 2014 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд