Хуҷанд: содироти маҳсулоти 17 коргоҳ ба хориҷа

Июнь 24, 2014 11:03

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар радифи афзудани шумораи коргоҳҳо, инчунин шумораи коргоҳҳои маҳсулоташон содиротӣ низ зиёд мешавад. Тавре ки аз мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, аз аввали соли равон  дар шаҳри Хуҷанд  7  коргоҳ бо 680 ҷои кор таъсис дода шуда, бо ифтитоҳи онон алъон шумораи коргоҳҳо дар маркази вилоят ба 92 адад расидааст.   
Дар ҷамъбасти 5 моҳи аввали соли ҷорӣ коргоҳҳои шаҳри Хуҷанд ба маблағи 190 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.  
Дар айни замон  масолеҳҳои истеҳсолшавандаи  17 коргоҳи шаҳр  ба мамолики хориҷи  кишвар, аз ҷумла ба ИДМ,  Аврупо ва Осиё  содирот мешаванд. 
Дар маҷмӯъ, то интиҳои соли равон мувофиқ ба нақша дар шаҳри Хуҷанд ба истифода додани 20 коргоҳи нав пешбинӣ шудааст. 
 

Июнь 24, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад