Иқдоми муштараки ФБҶ СС ҲА ва “EAST AIR»
Душанбе, 09.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ва ширкати ҳавоии «East Air» иқдоми муштараки иҷтимоиро роҳандозӣ карда, ба мусофирони «EAST AIR» баргаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъи ҷилавгирӣ аз бемории сил ва табобати онро тақсим карданд.
Баргаҳои иттилоотӣ дар курсиҳои нишасти ҳавопаймоҳои ширкати «East Air» дар парвозҳои аз самти Қӯғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия ва бозгашт гузошта шудаанд. Ин иқдом дар доираи лоиҳаи ФБҶ СС ва ҲА сурат гирифт, ки ҳадафаш баалнд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ ва тандурустӣ, ВИЧ/СПИД, амрози зуҳравӣ, гепатитҳои В ва С, пешгирӣ аз сил ва машваратҳои ҳуқуқист.
Баргаҳои иттилоотӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи сил дар парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “East Air” аз Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ба Маскав, Санкт-Петербург, Челябинск, Новосибирск, Екатеринбург, Оренбург ва бозгашт тақсим мешаванд. Лоиҳаи ФБҶ СС ва ҲА бо мусоидати созмони ҷамъиятии русиягии “СПИДинфосвяз” дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ” амалӣ мешавад.
Фаррух Қосимов, раҳбари барномаҳои кор бо муҳоҷирон дар Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Дониши кам аз хадамоти тиббӣ, ба мисли огоҳӣ ва ҷилавгирӣ аз ВИЧ ва сил, амрози зуҳравӣ ва ироаи ёрии аввал ба осебпазирии муҳоҷирон меафзаояд. Бисёре аз муҳоҷирон, чун дар сохтмон кор мекунанд, чандин нафар дар хонаҳои хурди сохтмончиён ва дар ҳолати ногувори беҳдоштӣ ба сар мебаранд, ки онҳоро аз нигоҳи тиббӣ осебпазиртар мегардонад. Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа мо ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз масоили тандурустӣ ва беҳдоштӣ таваҷҷӯҳ мекунем».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






