Иқдоми субъектҳои соҳибкории пойтахт
Душанбе, 06.06.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Субъектҳои соҳибкории Душанбе тасмим гирифтаанд, ки 10240 метри мураббаъ роҳҳои мошингарди кӯчаю хиёбонҳои пойтахтро таъмири ҷорӣ намоянд. Ин иқдоми ширкатҳои пойтахт аз ҷониби шаҳрдории Душанбе пазируфта шуда, дар иртибот ба он Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонид.
Тибқи ин қарор Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» — и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати «Автострада» муваззаф гардидаанд, ки санадҳои харҷномавии роҳҳои харобгардидаро таҳия намуда, инчунин ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва сифати онҳоро назорат намоянд.
Корхонаю ширкатҳое, ки роҳҳои мошингарди кӯчаю хиёбонҳои пойтахтро аз таъмири ҷорӣ мебароранд, “Идеал -Сервис”, “Роҳи Тоҷик”,”Роҳсоз”, “Роҳсоз-7”, “Сохтмон -таъмир”, “Мостотряд”, “Проммонтаж”,”Заводи асфалту бетон” ва “Сохтмони кишвар-2012” мебошанд. Маблағи умумии таъмири ҷории роҳҳо, ки аз сӯи субъектҳои соҳибкории пойтахт ба анҷом расонида мешаванд 3 миллиону 300 000 сомониро ташкил медиҳад. Иҷрои қарори марбута ба уҳдаи муовини соҳавии раиси шаҳр Низом Ҳакимов вогузор гардидааст.
Ин иқдом дар ҳоле аз ҷониби корхонаю ширкатҳои сохтмонию роҳсозии пойтахт амалӣ мегардад, ки соли равон 90-солагии Душанбе таҷлил мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






