И.Ҷалилов дар клуби «Волга» — и Русия ҳунарнамоӣ мекунад
Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Муҳофизатгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол Искандар Ҷалилов имконият дорад, ки маҳорати худро дар ҳайати клуби «Волга» — и шаҳри Нижный Новгороди Федератсияи Русия такмил диҳад.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Искандар Ҷалилов мавсими соли ҷориро дар дастаи «Хуҷанд» оғоз намуда, дар ҳайати он дар шаш даври бозиҳои дастаҳои лигаи олии мусобиқоти Тоҷикистон иштирок кард. Мавсуф дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Эстония, ки 7 июн дар шаҳри Таллин баргузор гардид, иштирок дошт.
Имрӯзҳо футболбози тоҷик дар ҳайати клуби «Волга» қувваозмоӣ менамояд. Искандар Ҷалилов дар ҳайати клуби мазкур дар ду вохӯрӣ иштирок намуд, ки онҳо бо ҳисоби 3:2 ва 8:0 ба фоидаи клуби «Волга» анҷом ёфтанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






