Идомаи ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Хатлон ба Президент
Душанбе, 14.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Норак телефонӣ ҳисобот доданд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба натиҷаҳои фаъолият дар панҷ моҳи аввали соли равон, аз ҷумла иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавоти барвақтӣ ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ зоҳир гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид дошт, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори дохилии истеъмолӣ аз ҳар ваҷаб замини обии корам пурсамар истифода бурда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнанд.Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дигар корхонаю муассисаҳо, вусъат додани ҳама гуна корҳои ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.Таъкид гардид, ки соҳибкорони ободгару бунёдкорро ба корҳои созандагӣ васеъ ҷалб намуда, ба ташкил ва густариши фаъолияташон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






