Ифтитоҳи боғчаи намунавии кӯдакон дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 21.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт ҳамчунин як боғчаи кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебо сохта шудааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар назди даромадгоҳи боғчаи нави кӯдакони рақами 63 ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ самимона истиқбол гирифтанд.Тавре иттилоъ доданд, ин бино бо харҷи 5,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби ҶДММ Стройэлита бунёд ёфта, барои 130 кӯдак пешбинӣ шудааст.Бино аз ду ошёна ва утоқу толорҳои гуногуни бо олоту ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз иборат буда, дорои шароити хуби таълиму тарбияи кӯдакон аст.Дар атрофи бино мавзеъҳои зиёди бозию дилхушӣ ва машғулиятгоҳҳои махсус омода шудаанд, ки боиси афзун намудани завқи кӯдакон ва қобилияти фикрронияшон мегардад. Тавре аён гардид, насли навраси имрӯза, ки дар фазои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз парвариш меёбанд, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ доранд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маорифи кишвар дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои намунавии боғчасозиро таҳия намоянд, то ки минбаъд муассисаҳои томактабӣ бо сифати баланд ва тақозои давру замон мутобиқ сохта шаванд ва таъкид дошт, ки талабот ба чунин муассисаҳо хеле зиёд аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






