Ифтитоҳи мактаб барои 320 нафар

Июнь 19, 2014 15:17

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафар ба ноҳияи Ғончӣ бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Мактаби мазкур дорои 11 синфхона буда, барои таҳсили 320 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. 
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, сохтмони мактаби мазкур моҳи августи соли гузашта оғоз ёфта, дар бунёди он аҳли деҳа, соҳибкорони маҳаллӣ, ташкилоти байналхалқӣ ва якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳм гузоштаанд. Мактаб бо харҷи умумии 1 милиону 180 ҳазор сомонӣ тариқи ҳашар бунёд гардидааст.
 
 
 
 
 

Июнь 19, 2014 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд