Имзои санадҳои нав – густаришбахши робитаҳои судбахш
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Латвия 10 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм; Ёддошти тафоҳум байни Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳофизати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Латвия.
Мавриди ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш 9 июни соли 2014 бо як сафари расмӣ озими Тоҷикистон шуд, ки ин сафар то 11 июни соли ҷорӣ идома хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






