Имзои санади ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия
Душанбе, 26.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.Тибқи ин санад, ин муассисаи таҳсилоти олӣ ҳар сол 20 бурсия (квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо менамояд. Арзиши таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик 50% кам карда мешавад. 80% устодону профессорҳои филиали Донишгоҳи Лимкоквинг аз Тоҷикистон ва 20% аз Малайзия қабул карда мешавад. Забони таълим англисӣ буда, дар баробари он забону адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик омӯзонда мешавад. Нақшаҳои таълимӣ монанд ба донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ, ки дорои эътибори ҷаҳонӣ мебошанд, таҳия мешаванд. Ба хатмкунандагон дипломи бакалавр, магистр ва докторанти намунаи давлатии Малайзия дода мешавад.Пас аз курси дуюм донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар Малайзия идома диҳанд, вале бо шарти кафолати бозгашт ба Тоҷикистон. Ба филиали тоҷикистонии донишгоҳ, ҳамчунин қабули донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо дар назар аст.Ҷониби Малайзия тасмим гирифтааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат филиали Донишгоҳи Лимкоквингро бо шаҳрчаи донишҷӯён ва тамоми инфрасохтори дигараш дар Тоҷикистон бунёд намояд.Тибқи ин санад ҳамчунин табодули донишҷӯён, бакалавру магистрҳо ва устодону профессорҳо миёни Тоҷикистону Малайзия ва омӯзиши таҷрибаи якдигар ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






