Имзои созишномаҳои байни Ваҳдат ва Санкт — Петербург
Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни сафараш дар шаҳри Санкт — Петербург масоили ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷиратро бо роҳбарияти Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт — Петербург ва вилояти Ленинград муҳокима намуд.
Дар ҷараёни мулоқот зарурати ба таври муташаккилона ҷамъ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон зикр гардид.
Назар ба хабари котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, дар шаҳри Санкт — Петербург ҳамчунин ҳамоиши соҳибкорони шаҳрҳои Санкт — Петербург ва Ваҳдат баргузор гардида, дар ҷараёни он масоили истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва тарҳрезии лоиҳаҳои нави муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз рӯи натиҷаи ҳамоиш бархе созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуданд. Намояндагони соҳибкорон ва аҳли тиҷорат тасмим гирифтанд, ки корхонаю муассисаҳои муштараки бахши истеҳсолот, сохтмон, нақлиёт ва сайёҳиро таъсис диҳанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






