Иншооти ҷашнии пойтахт ба ифтихори Ваҳдати миллӣ
Душанбе, 23.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии Душанбе дар пойтахт ба маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ иншооти ҷашнӣ бунёд карда шуданд. Ин иншот аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ сохта шуда, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. 1 ададӣ биноҳои истиқоматии баландошёнаи 13 ва 14- ошёна, 7 адад 9 -ошёна, 2 адад 7- ошёна, 1 адад 6- ошёна ва 7 адад 5- ошёна бо масоҳати умумии 71,3 ҳазор метри мураббаъ аз зумраи иншооти ҷашнист. Инчунин 4 майдончаи варзишӣ бо масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, 23,8 километр хатҳои муҳандисии зеризаминию ҳавоии роҳҳои пойтахт аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни сохтмон ва азхудкунии фондҳои асосӣ дар пойтахт беш аз 1700 нафар бо ҷойи кории муваққатӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар мавриди ба истифода додани иншооти ҷашнӣ беш аз 900 ҷойи нави кори доимӣ дар пойтахт фароҳам оварда мешавад.
Ба феҳристи иншооти ҷашнии пойтахт ҳамзамон кӯдакистон барои 130 нафар, ки ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии “Стройэлита” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бунёд шудааст, инчунин Театри “Аҳорун” бо 200 ҷойи нишаст, шомил мебошанд. Ин ду иншоот 21 июн дар маросими ботантана ва иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






