Интиқолчиёни маснуоти заргарӣ дастгир шуданд
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди кишвар соҳибкорони инфиродӣ Ҳотам Сафаров, Зайнура Сафарова ва Мунира Маматқуловаро дастгир намуданд, ки онҳо бо фаъолияти хариду фурӯши маснуоти заргарӣ машғул шуда, аз пардохтҳои гумрукӣ саркашӣ кардаанд. Ин соҳибкорон аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо кормандони масъули «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» мунтазам маснуоти заргариро аз Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳавопаймо бо тариқи қочоқ ворид намуда, дар бозори дохилӣ ба фурӯш мебароварданд.
Нисбат ба соҳибкорони номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






