Иштироки Э.Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия
Душанбе, 24.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуд.Дар анҷумани соҳибкону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия наздики 300 нафар аз ду ҷониб иштироки фаъол доштанд.Анҷуманро Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия доктор Мустафо Муҳаммад ифтитоҳ намуда, суханро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.Президенти кишвар шахсан ва бевосита имконоти васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Тавре зикр гардид, танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва пешкаш гардидааст, ки хеле судоваранд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳамчунин аз ҷониби сохторҳои сершумори соҳибкорию тиҷоратии хусусӣ таҳия шуда, интизори сармоягузорӣ ва татбиқи босамар мебошанд. Фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон сол ба сол беҳтару ҷолибтар мешавад.Зимни анҷуман ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия мулоқоту гуфтушунидҳои зиёди рӯ ба рӯ анҷом дода, робитаҳои мустақим барпо намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






