Иштироки Президент дар тӯйи арӯсии дастаҷамъонаи ҷавонон ва хатнасури писарбачаҳо
Душанбе, 26.06.2014 (АМИТ «Ховра»).-Имрӯз ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи арӯсии 90 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 360 кӯдак аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маросими бошукӯҳи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъона ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар бинои Душанбе-Плаза бо самимияти баланд ҷараён гирифт.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон наздикони 360 писарчаи хатнашавандаро, ки қисмате ятиму бепарастор ва боқӣ аз оилаҳои ниёзманди ҳарчор ноҳияи пойтахт мебошанд, табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо бозичаҳо ва туҳфаҳои дигари хотиравӣ тақдим намуд. Сарулибоси зебо ва зиёфати дастаҷамъонаи тӯёна бо базму тараби дилошуб низ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ омода гардидааст.
Тавре иттилоъ доданд, имсол аз бунёди шаҳри Душанбе 90 сол пур мешавад. Аз ин хотир аз 4 ноҳияи шаҳр 90 нафарӣ, ҷамъ хатнасури 360 кӯдак бо дастгирии давлатӣ ороста мешавад.
90 ҷуфти навхонадорон ҳам, ки ҳамагӣ аз хонаводаҳои ниёзманд мебошанд, ба хотири ҳамин санаи фархунда ҷамъ оварда шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони навхонадор ва наздикону пайвандони онҳоро бо ин рӯзи пурфараҳ, ки ба арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омадааст, шодбош гуфта, ба барпо намудани оилаҳои солим, эҳтироми ҳамдигарӣ, муҳаббату самимият ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои хонаводагӣ ҳидоят намуд. “Оилаҳои устувор барпо намуда, оянда фарзандони солим ба дунё биёред ва барои таълиму тарбияи дурусти онҳо аз ҳозир омодагӣ дошта бошед”, — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон!
Ба ҳар як ҷуфти ҷавон ҳам аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои арзишманд супурда шуд.
Қисмати аввали ин маросими бошукӯҳ, ки бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо намоиши барномаи рангини ҳунарӣ ба поён расид.
Тавре иттилоъ доданд, хурсандии ин кӯдакону ҷавонони хуштолеъ бо базми тӯёна дар дигар ҷой идома меёбад.
Базми хатнасури дастаҷамъонаи 360 кӯдак дар яке аз толорҳои калони ҳамин бино баргузор мегардад. Тӯйи 90 ҷуфти ҷавон бошад, дар 4 тарабхонаи 4 ноҳияи шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳар ноҳия ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






