Иштироки Р. Солиев дар конфронс оид ба вазъияти Афғонистон
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Косим). — Бо ибтикори Маркази тадқиқоти байналмилалии «EastWest Institute» 11 июн дар шаҳри Брюссел конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Соли 2014 -давраи гузариш барои Афғонистон» баргузор гардид. Тавре ки аз ВКХ ҶТ хабар доданд, мақсад аз ин чорабинӣ муҳокима ва арзёбии вазъияти сиёсию иқтисодӣ, ҳамчунин амнияти Афғонистон дар давраи интихоботи президент ва ихроҷи Қувваҳои байналмилалии амният аз Афғонистон буд.Дар конфронс намояндагони корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷии назди Иттиҳоди Аврупо, марказҳои тадқиқоти илмию сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ширкат доштанд.Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев зимни суханрониаш аз саҳми Тоҷикистон ба беҳбуди вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва амнияти Афғонистон, ҳамкории дуҷонибаи иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироии минтақавии Афғонистон муфассал иттилоъ дод. Мавсуф диди Тоҷикистонро дар мавриди таъсири махсуси Афғонистон ба сулҳу суботи минтақа, ҳамчунин рушди иқтисодии Осиёи Марказию Ҷанубӣ баён карда, зарурати омӯзишу истифодаи таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои беҳдошти вазъияти дохилии Афғонистонро ба таври махсус қайд намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






